- тоб
- I[تاب]1. асоси замони ҳозира аз феъли тобидан ва тофтан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои тобдиҳанда; (мас. ресмонтоб) тобон, фурӯзон; (маҷ. оламтоб, шабтоб…)II[تاب]тоқат, бардошт, сабр, ором, қудрат, тавоноӣ; тоб овардан тоқат (бардошт, истодагӣ, пойдорӣ) кардан; тоб надоштан тоқат надоштан, бардошт карда ната-вонистан; б) бемор будан, ранҷур будан; тоб гурехтан бемор (ранҷур) шуданIII[تاب]печ, печу хам (дар таноб, мӯй); тоб додан тофтан, печ додан, печухамдор кардан (ресмон, мӯйро): гӯши касеро тоб додан а) гӯши касеро бо даст тофтан, печ додан; б) маҷ. касеро танбеҳ кардан; тоб хӯрдан а) печиш пайдо кардан, тофта шудан, тобида шудан; б) печу хамдор шудан, каҷу килеб шудан; в) ба печутоб афтодан, музтариб шудан; г) гаштан, гардиш кардан ба тарафе; ба тоб гирифтан танбеҳ кардан; ҷазо додан, сахт гирифтан; тоб партофтан хушкида каҷ шудан (мас., тахта, чӯб)IV[تاب]тобиш, нур, дурахш, рушноӣ, фурӯғ, гармӣ; ба тоб будан дурахшону тобанда будан; дар тоб будан фурӯзон будан; шӯълавар будан; обу тоб а) дурахшонӣ, шукуфоӣ; б) маҷ. равнақ, ривоҷ, хуррамӣ; ба обу тоб омадан сабзу хуррам ва шукуфон шудан; обу тоб ёфтан пухта шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.